Саводнок ба расона бошед!

RU KG KZ TJ UZ

Дар бораи бунёд

Бунёди «Маркази дастгирии ВАО» як созмони ғайритиҷорӣ мебошад, ки мехоҳад ҳама дарк намоянд, ки доштани назари интиқодӣ ба ҳар гуна иттилоот, алахусус дар Интернет, хеле муҳим мебошад. То ки ҳама савол диҳанд: «Оё дар ҳақиқат ин рост аст?». То ҳар кас тавонад таблиғотро фарқ кунад ва андешаи худро дошта бошад. То интернетро барои омӯзиш ва рушди фардии худ сарф кунад. То ки ҳама кас вақт ва захираҳои худро оқилона мудирият кунанд, диққати худро ба чизи муҳимтар равона созанд.

Дар тӯли 17 соли охир Бунёди «Маркази дастгирии ВАО» дар Қирғизистон фаъолона СИР-ро дар сатҳи кишвар ва Осиёи Марказӣ пешбарӣ кардааст. Бунёд як қатор лоиҳаҳоро татбиқ менамояд, аз ҷумла лоиҳаи «МедиаСабак: Рушди саводи иттилоотӣ ва расонаӣ дар системи таҳсилоти мактабҳои ҶҚ», ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон ва Академияи таҳсилоти Қирғизистон амалӣ карда мешавад.

Дар доираи лоиҳа, «Китоби манобеии СИР барои омӯзгорон» таҳия ва санҷида шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон пешниҳод карда шудааст. Китоб дар ҳамаи мактабҳои Ҷумҳурии Қирғизистон интишор ва паҳн карда шуд. Инчунин, Бунёди таълимӣ портали бисёрзабонаи (русӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ ва қазоқӣ) www.mediasabak.org таҳия кардааст, ки аз дарсҳои аниматсионӣ ва видео, машқҳои амалӣ, тестҳо ва адабиёти СИР иборат аст. Вебгоҳи омӯзишӣ доимо бо муҳтавои СИР нав карда мешавад.

Бунёд фаъолияти худро дар кишвар аз соли 2002 оғоз намуда, дар охири соли 2002 аз қайди расмии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Қирғизистон гирифтааст. Аз он вақт ин ҷониб, Бунёди "Маркази дастгирии ВАО" ба рушди озодии сухан дар Қирғизистон, инчунин рушди саводи иттилооти расонаӣ дар системаи мактабҳои Қирғизистон идома медиҳад.

Барои дастовардҳо дар соҳаи рушди саводи расонаӣ, Бунёд ҷоизаи байналмилалиро дар соҳаи расона ва саводи иттилоотии ЮНЕСКО сазовор дониста шуд. Ин ҷоиза ба чаҳор кишвар беш аз 170 довталаб аз саросари ҷаҳон дода шуд ва он ба ҳафтаи Умумиҷаҳонии саводи расонаӣ рост омадааст. Кумитаи ҷоизаи байналмилалӣ аз аъзои Ассотсиатсияи Ҳамкорони Умумиҷаҳонии Саводи Иттилоотӣ Расонаӣ (GAPMIL) иборат аст. Дар ин ассотсиатсия зиёда аз 500 созмони аъзо зиёда аз 110 давлат дорад.

Маъмурити Бунёд

Мо ба рушди озодии сухан дар Қирғизистон ва рушди саводнокии иттилоотӣ дар системи мактабҳои Қирғизистон мусоидат менамоем.

Ҳадафи Бунёд

Мо як созмони ғайритиҷорӣ ҳастем, яъне ҳадафи мо таҳияи лоиҳаҳои муфид дар соҳаи маориф мебошад.